Додгоҳи Гурҷистон дархости бозгардонидани ҳаққи шаҳрвандӣ ба Бидзина Иванишвилӣ, миллиардер ва як пешвои мухолифини ин кишварро рад кард. Аммо бо вуҷуди ин бар асоси қонуни нави Гурҷистон Бидзина Иванишвили ҳақ дорад, дар интихоботи оянда ширкат кунад. Ин тоҷири сарватмандро барои гирифтани пасспорти фаронсавӣ аз ҳаққи шаҳрвандии Гурҷистон маҳрум карда буданд, ки ба гуфтаи ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Бидзина Иванишвилиро аз ин пеш баъди эъломаш дар бораи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар тирамоҳи имсол, додгоҳи Гурҷистон барои риоят накардани қонунҳои фаъолияти сиёсӣ даҳҳо миллион доллар ҷарима бастаанд. Дар интихоботи оянда Михайил Саакашвили, раиси ҷумҳури феълӣ, низ ширкат мекунад.