Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли Ҳамос дар Сурия кушта шуд


Димашқ, 26-уми июни соли 2012
Димашқ, 26-уми июни соли 2012
Гурӯҳи ифротии Ҳамос мегӯяд, яке аз фаъолони ин гурӯҳи фаластинӣ дар пойтахти Сурия ба қатл расидааст. Раҳбарони Ҳамос ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки Камол Ҳусейн Ғанначӣ рӯзи чоршанбе кушта шуд. Онҳо афзудаанд, ки зоҳиран ин куштор сӯиқасд буда, масъулияти он бар дӯши хадамоти иктишофии Исроил-Моссад аст. Ғанначӣ собиқ муовини Маҳмуд Мабҳуҳ аст, ки соли 2010-ум дар яке аз меҳмонсароҳои Дубай ба ҳалокат расида буд. Дар куштори Мабҳуҳ низ Исроилро муттаҳам мекунанд, вале давлати яҳудӣ ҳеҷ гоҳ дар бораи нақш доштанаш дар ин ҳодиса чизе нагуфтааст.
Ҳамос соҳили ғарбии рӯди Урдунро зери назорат дошта, яке аз ҷиноҳҳои он дар Димашқ мустақар мебошад.
XS
SM
MD
LG