Дар Ироқ шояд интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ баргузор шавад. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ изҳор намуд, ки сарпечии мухолифони сиёсӣ аз музокирот барои ӯ чораеро ба ҷуз доир кардани интихоботи нав боқӣ намегузорад.
Раҳбарони суннимазҳаб, курдҳо ва баъзе сарварони шиамазҳаб, ки аз қудрат дур карда шудаанд, Ал-Моликиро дар худхоҳиву яккатозӣ айбдор мекунанд ва чанд моҳ боз истеъфои ӯро талаб доранд.
Интихоботи навбатии парлумонӣ дар Ироқ бояд соли 2014 баргузор шавад. Нурӣ ал-Моликӣ дар бораи он ки интихоботи қабл аз вақт кай баргузор хоҳад шуд, чизе нагуфтааст.