Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон имрӯз, 15-умин солгарди имзои созишномаи сулҳро таҷлил мекунанд, ки ба ҷанги хунину харобиовар дар кишвар хотима дод. Понздаҳ сол пеш рӯзи 27 июн ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифини собиқ дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда ва ба низоъи панҷсолаи дохилӣ поён доданд. Дар ин ҷанг, бештар аз 150 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор тани дигар бехонумон шуданд. Бисту ҳафтуми июн, расман рӯзи таътил эълон шудааст ва дар Тоҷикистон ҳамасола ба унвони Рӯзи Ваҳдат ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз дар саросари кишвар ва бахусус дар пойтахт дар шаҳри Душанбе маросими мухталифи идона баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG