Эътилофи ҳукмрони Юнон иқтисоддони шинохта Янис Стоурнарасро вазири молия таъин кард. Вазири пешин Вассилас Рапанос дар ин мақом ҳамагӣ чаҳор рӯз фаъолият дошт ва бар асари маризӣ истеъфо дод.
Стоурнарас ба ҳайати Юнон ҳангоми баррасии мавзӯъи вуруди кишвар ба “минтақаи евро” шомил буд.
Ҳанӯз маълум нест, ки вазири нав дар нишасти қарибулвуқӯи сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бахшида ба бӯҳрони қарз дар Юнон ширкат хоҳад кард ё на. Нахуствазири Юнон Антонис Самарас баъд аз ҷарроҳии чашм имкони ширкат дар ин нишастро надорад.
Ҳукумати нави Юнон талош дорад шартҳои созиш миёни кишвар ва қарздиҳандагони хориҷиро, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз варшикастагиву хуруҷи Юнон аз “минтақаи евро”-ст, сабуктар кунад.