Наздикони бархе аз зиндониён дар Тоҷикистон аз баргузории "рейд"-ҳои ғайримаъмулии кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дар ҷараёни он зери озор қарор додани зиндониҳо ба шиддат нигаронӣ мекунанд. Ахиран як ҳамин гуна норизоияти шадид аз бархӯрди номуносиби кормандони маҳбаси ноҳияи Ваҳдат, маъруф бо номи "Кирпичний" ба расонаҳо расидааст.
Кормандони ин зиндон бо баргузории азназаргузаронӣ дар маҳалли хобу иқомати зиндониҳо рахти хоби бархе аз онҳоро бидуни кадом ваҷҳ пора ва дар рафти ин амалиёт чанде аз бандиҳоро низ зери лату кӯб қарор додаанд.
Тибқи иттиллои дарёфтӣ, дар ин зиндон як маҳбус аз ноҳияи Конибодом дар чанд рӯзи пеш худро овехтааст ва ҷони як нафар аз бандии дигарро, ки бо алмос раги гардани худро буридааст, тасодуфан наҷот додаанд.
Гуфта мешавад, дар чанд вақти охир чунин рейдҳо тақрибан дар ҳама зиндонҳои Тоҷикистон аз тарафи кормандони ниҳодҳои амниятӣ идома доштааст. Аммо Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия ва раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 26-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории рейдҳои ғайримаъмулии ҳамроҳ бо озори бандиҳо дар зиндонҳои кишварро комилан рад кард. Ҷаноби Шарифов гуфт, дар ҳеҷ яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони он рафтори ғайриоинномавӣ ба мушоҳида нарасидааст: "Ҳеҷ чиз нашудааст. Ҳама тинҷу ором. Ҳама дар доираи қонун зиндагӣ ва адои ҷазо мекунанд. Ягон корманд нисбати онҳо муносибат ва муомилаи бад надорад, ҳамааш дар доираи қонун."
Аммо ахбори расида баёнгари он аст, ки дар ҷараёни бозҷӯӣ аз зиндониҳои маҳбаси Ваҳдат 8 адад телефони мобилӣ ошкор ва мусодира шудааст.
Зимнан, дар ибтидои соли ҷорӣ барои аввалин бор дари бархе аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба рӯи созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар ва низ кормандони расонаҳои Тоҷикистон боз ва имкони мулоқоту мусоҳибаҳо бо зиндониҳо фароҳам оварда шуда буд. Ин иқдоми давлати Тоҷикистон аз сӯи нозирони ҳуқуқи инсон баҳои мусбат гирифта буд.