Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори афсарони воломақоми суриягӣ ба Туркия


Мақомоти Туркия аз марзи кишвар убур кардани гурӯҳи афсарони фирории артиши Сурияро тайид карданд. Миёни фирориён як генерал ва ду полковник ҳам ҳастанд.

Қаблан дар мавриди ба Туркия гузаштани 32 афсари суриягӣ сухан мерафт ва аммо баъдан маълум шуд, ки теъдоди аъзами фирориён – аъзои хонаводаи афсаронанд.

Намояндагони ҳукумати Туркия гуфтанд, ки теъдоди фирориён аз Сурия ба кишвар коҳиш намеёбад ва ҳоло даҳҳо ҳазор нафари аз хушунат гурехта вориди қаламрави Туркия шудаанд.

Таниш миёни Анқараву Димишқ баъд аз нобудсозии ҳавопаймоии ҷангии Туркия шадидтар шуд. Ҳавопаймо дар баҳр суқут кард, ҷустуҷӯи халабонҳо то ҳол идома дорад. Мақомоти Сурия мегӯянд, ки ҳавопаймо вориди фазои кишвар шуда буд, низомиёни Туркия бошанд иддао доранд, ки он дар ҳарими ҳавоии байнулмилалӣ ҳадафи тирборон қарор гирифтааст. Ин қазияро айни ҳол Шӯрои НАТО пайгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG