Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мегӯяд, "ҳавопаймояш қасди баде надошт"


Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, рӯзи якшанбе гуфт, ҳавопаймои ҷангии кишвараш, ки Сурия нобуд кард, бо маъмурияти маъмулии тамринӣ то 20 километр ба қаламрави ҳавоии он кишвар ворид шудааст. Аҳмад Довудоғлу ба телевизиони давлатии Туркия гуфт, ҳавопаймои ҷангандаи “Шабаҳ”, радар ва системаҳои дифоъии кишварро озмоиш мекард ва ҳеҷ аслиҳае надошт, ё дар ҳеҷ амалиёте алайҳи Сурия ширкат намекард. Сурия гуфт, ҳавопайморо рӯзи ҷумъа баъди он заданд, ки он ба қаламрави ҳавоии Сурия ворид шуд. Эрон ва Созмони Милали Муттаҳид аз Туркия хостаанд, дар ин масъала хештандорӣ нишон дода ва аз ҳарду тараф даъват карданд, қазияро на аз роҳи низомӣ, балки дипломатӣ ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG