Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Брейвик девона нест"-мегӯянд вакилони ӯ


Андерс Брейвик
Андерс Брейвик
Рӯзи ҷумъа вакилони мудофиаи қотил Андерс Беринг Брейвик дархост намуданд, ки фарди зерҳимояашон инсони солим эътироф шуда, “барои амалкардаш ҷавоб диҳад”. Брейвик иқрор кардааст, ки моҳи июли соли гузашта дар натиҷаи бомбгузориву тирпарронӣ 77 нафарро ба қатл расонд. Рӯзи панҷшанбе додситонҳо аз додгоҳ тақозо карда буданд, ки Брейвик инсони маҷнун эълон шуда, на ба зиндон, балки ба муолиҷаи иҷборӣ дар бемористони рӯҳӣ ирсол гардад.
Вакилони мудофиа иброз доштаанд, ки таҳрикдиҳандаи амали Брейвик на хушунат, балки сиёсати ифрогароёна мебошад ва аз ин рӯ, ӯ набояд инсони аз ақл берун пиндошта шавад.
Худи Брейвик мегӯяд, ки бо куштори дастҷамъӣ мехост мардуми Норвегияро аз муҳоҷирати мусулмонон раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG