Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири нави Юнон ҳукумат ташкил мекунад


Антонис Самарас-раҳбари ҳизби муҳофизакори Демократияи нав ба унвони нахуствазири нави Юнон савганд ёд кард. Ҳукумате, ки вай ташкил медиҳад, муваззаф хоҳад буд ислоҳоти сахтгиронаи молиро пиёда кунад ва кишварро аз бӯҳрони қарз раҳо созад.

Самарас баъд аз маросими савганд ба хабарнигорон гуфт, “мо ҳар кори имкондоштаро иҷро хоҳем кард, то кишварро аз қарз раҳо кунем”. Ҳизби Демократияи нав рӯзи якшанбе дар интихоботи порлмонӣ пирӯз шуд, вале наметавонад дар танҳоӣ ҳукумат ташкил кунад.

Вай се рӯз мӯҳлат дорад, то дар бораи ташкили эътилоф бо ҳизби сотсиалистии PASOK ва ҳизби Демократҳои чапгаро музокира анҷом диҳад. Ин се ҳизб ҷонибдори гирифтани қарзи чандмиллиард евроӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва аз Сандуқи Байналмиллалии Пул мебошанд.
XS
SM
MD
LG