Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Кашолёбии сохтмони боздоштгоҳи муваққатӣ дар Ваҳдат


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сохтмони боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Илҳом Маҳмудов, муовини сарвари Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, ин муассиса дар сатҳи стандартҳои байнулмилалӣ сохта мешавад ва аз ин хотир, дар тарҳи пешинаи сохтмон як қатор тағйирот ба вуҷуд оварда шудааст.

Сохтмони боздоштгоҳи нав дар шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 5 гектар аз соли 2010-ум ба ин сӯ бо маблағи буҷаи давлатӣ идома дорад. Қарор буд, сохтмони он то соли 2016-ум такмил шавад, аммо Илҳом Маҳмудов мегӯяд, ба хотири ворид шудани тағйирот дар тарҳи сохтмон эҳтимолан ин мӯҳлат кӯтоҳ ё дарозтар шавад.

Тибқи пешбиниҳо баъди ба истифода додани ин бино боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бояд ба Ваҳдат кӯчонида шавад. Маҳбасҳои Тоҷикистон солҳои 50-уми қарни гузашта аз сӯи ҳукумати Шӯравӣ сохта шудаанд ва ба қавли масъулон, бояд ба шароити имрӯз мувофиқ карда шаванд.

Дар замони Шӯравӣ иддае аз маҳкумшудагони Тоҷикистон дар зиндонҳои кишварҳои "бародар" ҳукми худро адо мекарданд. Тайи 20 соли охир дар Тоҷикистон 3 маҳбас дар Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд сохта шудааст.

Ҳоло дар кишвар 5 боздоштгоҳ ва беш аз 6 муассисаи иҷрои ҷазо, аз ҷумла як зиндон дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият мекунанд. Як муассисаи ислоҳӣ барои занон дар Норак аст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор нафар дар маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG