Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз идомаи бозиҳо дар "Аврупо-2012" маҳрум шуд


Дастаи мунтахиби футболи Украина баъд аз бохт бар дастаи Англия бо ҳисоби 1:0 дар гурӯҳи D аз идомаи бозиҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии “Аврупо-2012” маҳрум шуд. Ин бозӣ дар Донетск баргузор шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 48 Вейн Рунӣ ба самар расонд.

Дар бозии дигари ҳамин гурӯҳ дастаи Шветсия бар дастаи Фаронса бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Вале Фаронса бо вуҷуди бохт як ҷо бо дастаи Англия аз гурӯҳи D бозиҳоро дар “Аврупо-2012” идома медиҳанд. Ин нахустин пирӯзии Шветсия буд. Бо вуҷуди ин пирӯзӣ аз қабл маълум буд, ки Шветсия ба даври баъдии бозиҳо роҳ намеёбад.
XS
SM
MD
LG