Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия боз 23 нафар кушта шуданд


Ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд, ки имрӯз дар Сурия боз 23 нафар кушта шуданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ бо истифода аз тонку тӯпхона ва чархболҳои низомӣ шаҳри Дума, воқеъ дар 15 километрии Димишқро гулулаборон карданд. Чанд ҳафта боз як бахши ин шаҳр таҳти назорати мухолифин қарор дорад.

Имрӯз раиси идораи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ мақомоти Сурияро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор кард. Навӣ Пиллай имрӯз дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар гуфт, ки истифодаи тӯпхонаву зиреҳпӯшҳо дар шаҳру деҳаҳоро метавон чун ҷиноёт алайҳи башарият ва шояд ҳамчун ҷиноёти низомӣ ҳам арзёбӣ намуд. Ӯ афзуд, ҳама муҷримон, аз ҷумла, онҳое, ки ҳафтаи гузашта дар канори шаҳри Ҳаффа сӯи нозирони байнулмилалӣ тир андохтанд, бояд ба додгоҳ кашида шаванд. Хонум Пиллай ҳамчунин изҳор намуд, ки бар асари идомаи ҷанги шаҳрвандӣ вазъи мардуми осоиштаи Сурия бадтар шудааст.

Афзоиши хушунат дар Сурия ҳайати нозирони СММ-ро барои мутаваққиф кардани фаъолташон маҷбур сохт. Қарор аст раиси ин ҳайат генерал Роберт Муд фардо дар Шӯрои амнияти СММ дар бораи афзоиши хушунат дар Сурия суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG