Низомиёни Тоҷикистон дар размоишҳои муштарак бо нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Қарор аст, машқҳои ҳарбӣ таҳни унвони "Ҳамкории минтақаӣ - 2012"дар қаламрави Қирғизистон то 29-уми июн идома кунанд. Вазорати дифои Қирғизистон мегӯяд, нерӯҳои муштарак амалиёти зидди офатҳои табииро тамрин мекунанд. Узбакистон дар ин размоишҳо ширкат надорад.