Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиллай Димишқро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор кард


Раиси идораи дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ мақомоти Сурияро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор кард.

Навӣ Пиллай имрӯз дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Женева гуфт, ки истифодаи тӯпхонаву зиреҳпӯшҳо дар шаҳру деҳаҳоро метавон чун ҷиноёт алайҳи башарият ва шояд ҳамчун ҷиноёти низомӣ ҳам арзёбӣ намуд.

Ӯ афзуд, ҳама муҷримон, аз ҷумла, онҳое, ки ҳафтаи гузашта дар канори шаҳри Ҳаффа сӯи нозирони байнулмилалӣ тир андохтанд, бояд ба додгоҳ кашида шаванд.

Хонум Пиллай ҳамчунин изҳор намуд, ки бар асари идомаи ҷанги шаҳрвандӣ вазъи мардуми осоиштаи Сурия бадтар шудааст.

Афзоиши хушунат дар Сурия ҳайати нозирони СММ-ро маҷбур сохт, ки фаъолияти худро дар кишвар мутаваққиф кунад.
XS
SM
MD
LG