Дар канори шаҳри Аден, воқеъ дар ҷануби Яман, бар асари худро мунфаҷир кардани як маргталаб генерал Салим Алӣ Катон кушта шуд.
Катон ба амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи «Ал-Қоида» раҳбарӣ мекард. Бар асари ин амалиёт, ки як моҳ боз идома дорад, ҷангӯён маҷбур шуданд, ки чанд шаҳру деҳа дар манотиқи ноороми ҷануби Яманро тарк намоянд. Дар ҷараёни даргириҳо садҳо нафар, аз ҷумла, мардуми осоишта ба ҳалокат расиданд.