Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти пахтаи Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст


Содироти пахтаи Тоҷикистон дар чаҳор моҳи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 12, 2 дарсад ё барбар бо 13 миллиону 400 ҳазор доллар коҳиш ёфтааст. Хабаргузории “Авеста” ба нақл аз Хадамоти гумрукии Тоҷикистон мегӯяд, аз январ то апрели соли ҷорӣ зиёда аз 54 000 тонна нахи пахта асосан ба Туркия, Эрон, Русия ва Латвия экспорт шудааст. Ин дар ҳолест, ки корхонаҳои Тоҷикистон ҳамагӣ то 10 ҳазор тонна нахро дар дохили кишвар коркард мекунанд ва имсол қарор аст, 420 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. Дар соли гузашта Тоҷикистон аз фурӯши пунба наздик ба 200 миллион доллари амрикоӣ даромад карда буд. Ба ақидаи коршиносон, агар содироти пахта рӯ ба коҳиш боқӣ монад, иҷрои тарҳи буҷаи давлатӣ як мушкили дигар пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG