Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, рӯзи ҷумъа аз нерӯҳои марзбон дар сарҳади Узбакистону Афғонистон дар вилояти Сурхондарёи ин кишвар дидан кард. Вай ба ин нерӯҳо ҳушдор дод, ки баъд аз баромадани қувваҳои хориҷӣ аз Афғонистон гурӯҳҳои тахрибгар дар дохили Афғонистон “сар хоҳанд бардошт”. Узбакистон бо Афғонистон 140 километр марзи муштарак дорад. Каримов ин сафарро ҳамчунин барои таъини расмии Нормӯъмин Чориев ба мақоми раиси вилояти Сурхондарё истифода кард.