Мӯҳсин Муҳаммадиев-бозигари пешини дастаи футболи “Помир”- Душанбе аз вазифаи мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон, қаҳрамони дукаратаи Русия, барканор шуд.
Мӯҳсин Муҳаммадиеви 45-сола соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин” таъйин шуда буд. Ба гуфтаи худи Мӯҳсин, вай бо бошгоҳи футболи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013-ум қарордод дошт. Вале Валерий Сорокин-президенти нави дастаи футболи “Рубин” ин қарордодро пеш аз мӯҳлат лағв кард.
Мӯҳсин дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт.