Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Карзай аз ҳамсояҳои Афғонистон


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, аз ҳамсояҳои дуру наздики кишвараш хост, барои тақвияти оромиву субот ва рушди иқтисодии Афғонистон саъйи бештар кунанд. Ҳомиди Карзай, зимни ифтитоҳи конфронси байналмилалии “Қалби Осиё” дар Кобул дирӯз гуфт, ҳамкориҳои бештари иқтисодиву амниятӣ минтақаро аз шаррри терроризм, ифротгароӣ ва хушунат” наҷот хоҳад дод. Ӯ афзуд: Афғонистон аз як таҷрибаи талхе, ки дар гузашта дошт, дарк кардааст, ки субот ва ҳамоҳангӣ ва сулҳи минтақавӣ ягона роҳи муввафақият ва оромии ин кишвар аст, ба саҳмгирии шумо дар ин росто бисёр муҳим аст." Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфт, Салоҳуддин Раббонӣ раиси Шӯроии Олии Сулҳи Афғонистон дар ояндаи наздик ба Покистону Арабистон сафар мекунад, то барои хотимаи ҷанг дар Афғонистон раҳбарони Толибон ба музокироти сулҳ оварда шаванд. Дар ҳамоиш намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон Туркманистон, Озарбоҷйон, Ҳинду Покистон, Русияву Чин Эрону Арабистони Саудӣ, Амрикову, Созмони Милал, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG