Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Португалия ва Олмон шаҳди пирӯзӣ чашиданд


Дар идомаи мусобиқоти қаҳрамони футболи Аврупо, тими миллии Португалия ва Олмон шаҳди пирӯзӣ чашиданд. Футболбозони Португалия тими миллии Данияро бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст доданд ва Олмон бо ҳисоби 2 бар 1 Ҳолландияро аз холҳои сарнавиштсоз маҳрум кард. Имрӯз Испониё бо Ирландия ба дидори ҳам мераванд ва Итолиё бо Хорватия. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи чаҳоршанбе ба Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон дар сӯҳбати телефоние гуфтааст, амнияти мухлисони мусобиқоти футболи Аврупо, масъулияти мизбонони он аст. Рӯзи сешанбе, ҳаводорони Лаҳистону Русия бо ҳам ҷангу даъво карданд. Гузашта аз ин УЕФА, Федератсияи Футболи Аврупо бинобар бадрафтории мухлисони тими Русия ҳангоми бозӣ бо Ҷумҳурии Чех, Федератсияи Футболи Русияро 120 ҳазор евро ҷарима карда ва ҳушдор дод, ки дар сурати такрори авбошии мухлисонаш тими Русия аз шаш хол дар марҳилаи аввали мусобиқоти ояндаи Аврупо маҳрум хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG