Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ рӯзи сиёҳеро пушти сар кард


Ироқ рӯзи чаҳоршанбе, рӯзи сиёҳеро пушти сар кард. Бар асари бомбгузориву тирандозиҳо дар шаҳрҳои Бағдод ва Ҳилла ва чанд ҷойи дигар, бештар аз 60 нафар кушта ва 200 тани дигар захмӣ шуданд. Зоҳиран ҳадафи аслӣ зойирони шиъамазҳаб буданд, ки дар Бағдод дар як зиёратгоҳи имоми онҳо чаҳор бомб таркид. Дар шаҳри Ҳилла дасти кам ду бомб дар назди издиҳоми зойирони шиъамазҳабе мунфаҷир шуд, ки ба маросими сӯгвории Мусо Ал-Козим, абераи Ҳазрати Муҳаммад, омодагӣ мегирифтанд. Дар гузашта масъулияти ингуна ҳамлаҳо дар Ироқро, ки шиъамазҳабон ҳукуматашро дар даст доранд, тундравони суннимазҳаби шарики Ал-Қоида бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG