Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 100 000 долларро ба яғмо бурдаанд


Дар Душанбе кормандони як нуқтаи саррофиро ғорат кардаанд. Ба навиштаи “Азия Плюс”, саррофон дар назди манзилашон дар кӯчаи Амиршоеви пойтахт ҳадафи ҳамлаи афроди ношиноси мусаллаҳ қарор гирифтанд. Ҳамлагарон қариб 100 000 долларро рабуда, дар як мошини навъи “Тойота” фирор мекунанд ва бо тирпарронӣ дар маҳаллаи Зарафшон як мошини “Нексия”-ро ғасб карда, ба самти ноҳияи Ҳисор рафтаанд. Ин мошини дуздиро баъдан дар рустои Мортеппаи Ҳисор пайдо кардаанд. Таҳқиқи қазияро вазири умури дохила Рамазон Раҳимов таҳти назорат гирифтааст. Вазорат барои афроде, ки дар пайдо кардани ғоратгарон кумак мекунанд, ҷоиза ваъда додааст.
XS
SM
MD
LG