Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои пирӯзии сотсиалистҳо дар интихоботи парлумонии Фаронса


Натиҷаҳои ниҳоии даври аввали интихоботи парлумонии Фаронса ҳокӣ аз он аст, ки аъзои ҳизби сотсиалистии раиси ҷумҳурӣ Олланд аксари курсиҳоро, ки барои идомаи ислоҳоти иқтисодӣ зарур аст, ҳифз кардааст. Натиҷаҳое, ки Вазорати умури дохилаи ин кишвар нашр кардааст, мегӯяд, ки сотсиалистҳо ва муттафиқони онҳо аз ҳизби Сабз 46 дар сади раъйҳои интихоботи рӯзи якшанберо ба даст овардаанд. 34 дар сади овозҳо насиби ҳизби Николя Саркозӣ шуд. Даври дуюм ва ниҳоии овоздиҳӣ 17 июн аст ва дар сурати пирӯзии ҳизби Олланд, барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки боло бурдани молиётро барои сарватмандон дар бар мегирад, пеш бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG