Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 июн-дуввумин солгарди муноқишаҳои қавмии Қирғизистон


Имрӯз Қирғизистон дуввумин солгарди оғози муноқишаҳои хунини қавмиро хотирнишон мекунад. Дар муноқишаҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбактаборон дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод бештар аз 400 нафар кушта, ҳазорон нафари дигар аз хонаву дари худ маҳрум монданд. Ҳукумати Қирғизистон 10 июнро Рӯзи Милии Ёдбуд эълон кардаст. Барои пешгирӣ аз имкони сар задани ҳар гуна муноқишаи нав имрӯз дар ин ду вилоят посгоҳҳои амниятӣ гузошта шудаанд ва пулис вазъро назорат мекунад.

Дар остонаи дуввумин солгарди ин муноқишаҳо созмонҳоии гуруҳи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Freedom House ё Хонаи Озодӣ, гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия бо номи Мемориал, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гузоришҳои худро мунташир сохтанд. Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки то ҳол баъзе сабабҳои оғози ин муноқишаҳои қавмии Қирғизистон номаълум боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG