Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 15 нафар дар тирборони Даръо


Ба гуфтаи фаъолон, тӯпборони шаҳри Даръо дар ҷануби Сурия аз сӯи нирӯҳои давлатӣ дастикам 15 кушта ба ҷо гузошт. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон гуфт, бар асари ин тирборони субҳи шанбе даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ошӯбҳои зидди режими Башор Асад моҳи марти соли гузашта маҳз дар Даръо оғоз ёфта буд. Хабари ахир дар пайи мавҷи қаҳру ғазаби байналмилалӣ аз қатли афроди мулкӣ дар рустои Мазраат- ал-Қубайр аз сӯи нирӯҳо ва шибҳанизомиҳои содиқ ба Асад аст, ки рӯзи чоршанбе рух дод.Нозирони СММ рӯзи ҷумъа аз ин русто дидан карда, гуфтаанд, ки дар деворҳо нақши хунро дида, бӯи сӯхтори тоза ба димоғ мезад ва шавоҳиде ёфт шуд, ки аз «ҷиноёти мудҳиш» дарак медиҳад. Вале нозирон ҳанӯз қодир ба тасдиқи хабари ҳалокати ҳудуди 80 нафар, ки давлати Асад масъулиятаро радд мекунад, набуданд.
XS
SM
MD
LG