Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардастаи Ҳолланд аз нажодпарастӣ шикоят кард


Бозигарони дастаи мунтахаби футболи Ҳолланд шикоят кардаанд, ки ҳангоми машқ дар Полша бар зидди онҳо шоирҳои нажодпарастона садо додааст. Баъд аз ин ҳоло нигарониҳо аз имкони вуқуи ҳар гуна рафтор ё кирдори нажодпарастона дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии футболи “Аврупо-2012” бештар шудааст.

Марк ван Боммел-сардастаи Ҳолланд гуфт, нороҳаткунанда буд вақте, ки баъзе одамон машқҳои дастаро рӯзи чаҳоршанбе дар Краков тамошо мекарданд ва хитоб ба бозигарони сисёҳпӯст онҳоро “маймун” садо мекарданд. Баъдтар мақомоти расмии федератсияи футболи Аврупо рафтори нажодпарастонаро рад карданд.

Имрӯз дар Варшава аввал дастаҳои Полшаву Юнон сипас дастаҳои ҷумҳурии Чех ва Русия бозиҳои қаҳрамонии Аврупоро оғоз мекунанд.
XS
SM
MD
LG