Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, қатли оми дигар дар Сурияро маҳкум кард ва гуфт, режими раиси ҷумҳур Башшор Асад дигар машрӯъияти худро аз даст додааст. Ба гуфтаи Бан Ки Мун, нозирони созмон, ки мехостанд аз маҳалли қатли ом боздид кунанд ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд. Зимни суханронӣ дар нишасти вижаи Маҷмаъи умумии Созмони Милал, ӯ қатли оми 80 нафар дар вилояти Ҳаморо, “ваҳшонияти тасвирнопазир” номид ва гуфт:"Қатли оми мардуми осоишта, ки рӯзҳои таътил дидем, метавонад Сурияро ба ҷанги фалокатбори шаҳрвандӣ бикашад, ҷанги шаҳрвандие, ки Сурия аз он ҳеҷ гоҳ ба худ нахоҳад омад." Қатли оми 80 нафар аз ҷумла занону кӯдакон дар Ҳаморо, амали дасти нерӯҳои давлатӣ медонанд. Бан Ки Мун аз раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад, хост бе ҳеҷ таъхир барномаи Созмони Милал барои хотимаи низоъ дар Сурияро амалӣ кунад.