Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, нафари №2-и Ал-Қоида кушта шуд


Абуяҳё Ал-Либӣ
Абуяҳё Ал-Либӣ

Кохи Сафед кушта шудани шахси дувуми Ал-Қоидаро таъйид ва онро “зарбаи ҷонкоҳ” бар пайкараи ин шабака хонд.

Кохи Сафед рӯзи сешанбе (5-уми июн) кушта шудани Абуяҳё Ал-Либӣ - нафари дувуми Ал-Қоидаро тасдиқ карда, марги ӯро "зарбаи ҷонкоҳ" бар пайкараи ин шабакаи террористӣ донист.

Як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико рӯзи душанбе (4-уми июн) як маркази ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-Қоидаро дар Вазиристони Шимолӣ дар Покистон ҳадаф гирифтааст, ки дар натиҷа 15 нафар кушта шудаанд. Манобеъ дар ҳукумати Амрико гуфтанд, ки Ал-Либӣ дар миёни ин кушташудагон будааст, вале мақомоти Покистон ин хабарро то кунун таъйид накардаанд.

Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед дар бораи Абуяҳё Ал-Либӣ гуфт: "Метавонам бигӯям, ӯ ба ҳайси мудири идории Ал-Қоида кор мекард ва масъулияташ назорати фаъолиятҳои ҳаррӯзаи созмон дар манотиқи қабоилнишини Покистон буд ва ӯ ҳамкорӣ бо шарикони минтақаии Ал-Қоидаро мудирият мекард."

Ҷей Карнӣ афзуд, каси дигаре дар раҳбарии Ал-Қоида боқӣ намонда, ки маҳоратҳои Ал-Либиро дошта бошад ва ҷойи ӯро пур кунад ва марги ӯ Ал-Қоидаро беш аз ҳар вақти дигар ба нобудиаш наздик кардааст: “Қатли ӯ идомаи таназзули Ал-Қоида мебошад, ки аз чанд соли гузашта шурӯъ шуд ва дар ин муддат ба ҳадде аъзои муҳими Ал-Қоида нобуд карда шуданд, ки дигар касе наметавонад, ҷойгузини Ал-Либӣ шавад ва тавонад масъулиятҳои ӯро иҷро кунад."

Ал-Либӣ, ки шаҳрванди Либия буд, яке аз даҳҳо нафар аз раҳбарони Ал-Қоида аст, ки баъд аз қатли Усома Бин Лодин дар моҳи гузашта аз байн бурда шуданд. Ҳоло Айман Аз-Завоҳирии мисритабор раҳбарии ин созмони террористиро бар ӯҳда дорад. Аксари ин афрод дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Покистон кушта шудаанд, агарчӣ давлати Покистон мухолифи ингуна ҳамлаҳост.

Рӯзи сешанбе (5-уми июн) вазорати умури хориҷии Покистон Ричард Ҳоугленд, кордори сафорати Амрико дар Исломободро ба вазорат хонда ва аз ҳамлаҳои ахир дар манотиқи қабоилнишин эътироз кардааст. Покистон мегӯяд, ин ҳамлаҳо “ғайриқонунӣ, мухолифи қонунҳои байналмилалӣ ва нақзи истиқлолияти он кишвар аст.”
XS
SM
MD
LG