Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия муассисаҳои СММ-ро қабул мекунад


Ҳукумати Сурия рӯзи сешанбе ризоият дод, ки 17 муассисаи Созмони Милал ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ин кишвар ворид шаванд. Аммо пештар аз ин аз чанде аз дипломатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ хост, хоки Сурияро тарк кунанд. Чанде аз кишварҳои ғарбӣ ба нишони эътироз аз қатли оми 108 нафар дар шаҳри Ҳула дар моҳи май, сафирони Сурияро аз қаламравҳояшон ронданд. Айни замон, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои чинии худ Ҳу Ҷинтао аз ҷомеаи байналмилал хостанд, аз барномаи сулҳи Созмони Милал барои хотима додан дар низоъ дар Сурия ҳимоят кунанд. Русияву Чин ду узви доимии Шӯрои Амният то кунун ба талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои андешидани иқдомоти қотеъона алайҳи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар Шӯрои Амният мухолифат кардаанд. Дар идомаи ҷанг бо шӯришиён рӯзи сешанбе дар шаҳри Лозиқияи Сурия 15 сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG