Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хабари раҳоии гаравгонҳоро тайид кард


Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон иттилоъ дар бораи раҳоии табибони хориҷии дар вилояти Бадахшон рабудашударо тайид кард.

Бар пояи хабарҳои ахир, чаҳор зани табиб – шаҳрвандони Бритониё ва Кения ва ду табиби афғон, ки дар созмони хайрияи Швейсария Medаir кор мекунанд, аз 22 май ба ин сӯ дар як ғор дар канори мавзеъи Шаҳрибузург нигаҳ дошта мешуданд.

Муовини волии Бадахшон Шамсулраҳмон Шамс гуфт, ки дар амалиёти наҷоти гаравгонҳо ба табибон осебе нарасидааст ва аммо ҳафт тан аз одамрабоён кушта шуданд.

Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон Ҷон Аллен, амалиёти наҷоти табибони рабудашударо низомиёни НАТО дар ҳамдастӣ бо кормандони полиси афғон доир карданд.

Кормандони Medаir ҳафтаи гузашта дар ҳоле рабуда шуданд, ки аз шаҳри Файзобод ба волусволии Ёвон мерафтанд, то ки беморони бар асари обхезии ахир осебдидаро муолиҷа кунанд.
XS
SM
MD
LG