Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Арабӣ хостори афзоиши теъдоди нозирон дар Сурия шуд


Нобил ал-Арабӣ, раиси Ҷомеъаи кишварҳои араб, дар як нома унвонии Шӯрои амнияти СММ хостори густариши теъдод ва ваколатҳои нозирони байнулмилалӣ дар Сурия шуд. Ӯ дархости худро бо зарурати таъмини амнияти мардум баъд аз фоҷиа дар шаҳри Ҳула, ки он ҷо як ҳафта пеш 108 сокини осоишта кушта шуданд, марбут кард. Масъулияти ин фоҷиаро ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар дӯши ҳукумати Башор Асад гузоштааст.

Шоми дирӯз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз ҷонибҳои даргир дар Сурия даъват кард, ки ба тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон собиқ бимонанд. Путин қазияи Сурияро дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва дар Порис бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд баррасӣ намуд.

Аз ин пеш Русия, Чин ва Куба аз тарҳи қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки дар он ба зарурати тафтиши байнулмилалии фоҷиаи шаҳри Ҳула таъкид шудааст, пуштибонӣ накарданд.
XS
SM
MD
LG