Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булғористон сигоркаширо мамнӯъ кард


Дар Булғористон аз имрӯз кашидани сигор дар маконҳои умумӣ мамнӯъ шуд. Аз ин пас, ҳеҷ кас ҳақ надорад, дар муассисаҳои давлатӣ, бару ресторанҳо, назди шифохонаву мактабҳо ва ҳатто майдонҳои варзишӣ тамоку кашад. Барои риоят накардани ин қонун аввал 316 доллар ҷарима хоҳед шуд, дар сурати такрори ин гуноҳ, тақрибан 750 доллар. Дар Булғористон бештар аз 40 дар сади мардуми бузургсол сигор мекашидаанд ва ин кишвар аз назари сигоркашӣ дар Аврупо танҳо аз Юнон ақиб мемонад.
XS
SM
MD
LG