Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон як қарордоди бузургаш бо Чинро лағв кардааст


Маҷиди Номҷӯ
Маҷиди Номҷӯ
Эрон қарордоди 2-миллиарддолларӣ бо як ширкати Чин барои бунёди сарбанди бузурги нирӯи барқ дар устони ҷанубуғарбии Луристонро лағв кардааст. Вазири энержии Эрон Маҷиди Номҷӯ гуфтааст, иҷрои ин тарҳ акнун ба Хотам-ал-Анбиё – шохаи сохтмонии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ супурда шуд.
Хабаргузории эронии Меҳр гуфт, Бонки марказӣ ва кумитаи давлатӣ пешниҳоди ширкати Sinohydro Group LTD барои эҳдоси сарбанди Бахтиёриро бидуни кадом тавзеҳе радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG