Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати мардуми мулкии афғон 21 фоиз кам шудааст


СММ мегӯяд, ҳалокати мардуми мулкӣ дар Афғонистон дар 4 моҳи аввали соли равон назар ба як соли қабл 21 фоиз коҳиш ёфт. Ян Кубиш, фиристодаи хоси СММ гуфт, қариб 80 дарсади ин мардум аз сӯи ҷангиёни толиб ва чирикиҳои дигар кушта шуда, камтар аз 10 дарсад қурбони Урдуи давлатӣ ва нирӯҳои НАТО шудаанд. Ҳалокати мардуми мулкӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии НАТО мояи интиқоди раисиҷумҳури Афғонистон шуда буд. Ҳомид Карзай гуфт, ин ҳолот мардуми оддиро нисбат ба ҳукумати рӯ ба Ғарби ӯ бадбин мекунад.
XS
SM
MD
LG