Додситонии ноҳияи Спитамен алайҳи як сокини шаҳраки Нов бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани ҳамсараш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Қурбоналӣ Ҷӯраеви 47-сола ба он айбдор мешавад, ки ҳамсари 36-солааш Нигора Шокироваро пайваста мезад ва ӯ дигар тоқат накарда, худро овехт. Ин чорумин парвандаи ҷиноӣ алайҳи муҷримини худкушӣ дар вилояти Суғд аст. Ин дар ҳолест ки имсол дар ин вилоят беш аз 70 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт шудааст.