Як сокини Тоҷикистон шумораи хосеро барои мошинаш аз пулиси роҳ дар ивази 55 000 сомонӣ, ё беш аз 11 000 доллар харидааст. Муовини раиси пулиси роҳи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Зайдуллоев гуфт, як соҳибкори 30-сола аз Душанбе, ки мошини Lexus дорад, ин маблағро дар музояда барои шумораи “баобрӯ”-и 01-01 пардохт кардааст. "Азия Плюс" мегӯяд, ин шумораро Сиёвуш Ғайюров харидааст. Музоядаҳои фурӯши шумораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор мешавад ва пули аз фурӯши ин шумораҳо бадастомада ба суратҳисоби нирӯгоҳи Роғун меравад. Раёсати ГАИ мегӯяд, соли гузашта аз ин ҳисоб ва ҳам аз додани муҷаввизи шишаҳои сиёҳ барои Роғун 5 миллион сомонӣ, ё чизе бештар аз 1 миллион доллар ҷамъ кардааст.