Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтори "Барқи тоҷик" таҷдид мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон ба таҷдиди сохтори “Барқи Тоҷик”, яке аз муҳимтарин ширкатҳои давлатӣ шурӯъ кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумат қарор дар бораи таъсиси Шӯрои нозири ҷараёни ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”-ро қабул кардааст, ки банди аввали он барномаи таҷдиди сохтори ширкат аст.

Бар асоси барнома, “Барқи Тоҷик”, бояд ба се ниҳоди алоҳида, тавлидкунанда, интиқолдиҳанда ва тавзеъкунандаи нерӯи барқ ҷудо шавад.

Созмонҳои молии кӯмакрасон мегӯянд, “Барқи Тоҷик” дар шакли ҳозирааш фоидаовар нест ва ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, онро ба як ширкати мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ табдил диҳад. Бар асоси барнома таҷдиди ширкат, бояд то соли 2018 такмил шавад.

Аз ҷумла музокирот миёни Бонки Осиёии рушд ва ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ворид кардани ислоҳот ва тағйирот дар сохтори дар ширкати "Барқи Тоҷик" ҳанӯз ду сол қабл оғоз шуда буд.

Бонки осиёии рушд пешниҳод карда буд, ки ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" ба се ширкати мустақил тақсим ва шакли моликияти он тағйир дода шавад.

Гуфта мешавад, ин иқдом бо ҳадафи фароҳам овардани шароит барои сармоягузорони хусусӣ ва омодасозии арсаи энержии кишвар дар фазои иқтисоди бозаргонӣ пиёда мешавад ва таҷдиди сохтории ширкати "Барқи Тоҷик"-ро то соли 2018-ро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG