Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Душанбе ба мизонии нишасти дувуми АКТ


Ноиби дабири кулли СММ ва раҳбари идораи мубориза бо маводи мухаддири ин созмон Юрий Федотов имрӯз бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ӯ дар иҷлоси дувуми сарони ниҳодҳои зидди маводи мухаддири Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон, ки ҳамчун Ташаббуси АКТ(Иқдом) маъруф аст, ширкат мекунад. Нишасти аввали АКТ моҳи январ низ дар Душанбе доир шуда буд. Қарор аст, Юрий Федотов бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти ин кишвар низ мулоқотҳо анҷом диҳад. Тоҷикистон бо зери 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон як масири қочоқи афюну ҳероини афғонӣ ба шимол маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG