Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиш қаламрави Яманро аз ҷангҷӯён пок месозад


Дар ҷануби Яман бар асари амалиёти артиш барои зери назорат гирифтани мавзеъҳо аз сӯи мусаллаҳони “Ал-Қоида” забтшуда 11 ҷангии мухолифи ҳукумат ва 5 сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд. Даргириҳо дар канори шаҳри Ҷаар идома доранд – мавқеъҳои ҷангиён аз сӯи ҳавопаймоҳо ва тӯпхона мушаку гулулаборон мешаванд. Артиш аз мардуми маҳаллӣ даъват кардааст, ки минтақаи даргириҳоро тарк намоянд.

Имрӯз дар канори шаҳри Зинҷибар дар тирандозие, ки баъд аз ҳамла ба корвон бо борҳои низомӣ ба вуқӯъ пайваст, се сарбоз ва се ҷангии “Ал-Қоида” кушта шуданд. Низомиёни яманӣ мегӯянд, ки шаҳри Занҷибарро тақрибан зери назорат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG