Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги кӯдак ҳазорон нафарро ба кӯча баровард


Ҷамъомади одамон дар Темиртау, дар назди чоҳе, ки ҷони кӯдаки дусоларо рабуд. 26-уми майи соли 2012.
Ҷамъомади одамон дар Темиртау, дар назди чоҳе, ки ҷони кӯдаки дусоларо рабуд. 26-уми майи соли 2012.

Маросими дафни кӯдаки 2-сола, ки дар чоҳи канализатсияи шаҳри Темиртау ғарқ шуд, ба тазоҳурот табдил ёфт.

Фоҷиа дар шаҳри Темиртауи Қазоқистон рӯзи 24-уми май, ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ рӯй дод. Егор Хмили дусола ба чоҳ афтод ва талошҳои ҷонсӯзонаи модараш натавонист ӯро наҷот диҳад. Маҷрои обҳои партовӣ ӯро ҷабид ва бо худ бурд. Ҷасадро танҳо дар рӯзи сеюм ёфтанд.

Ҳазорон нафар дар расми дафни ӯ ширкат карданд. Бисёриҳо кӯдакони худро дар бағал доштанд ва бархе ҳам бо бозичаҳои кӯдакона омада буданд. Аксарият бо хонадони Хмилҳо шинос ҳам набуданд, вале хабари ин ҳодиса онҳоро бетараф нагузошт.

МАРОСИМИ ДАФН

Таҷаммӯъ полисро низ ба маҳалли маросим кашонд. Намояндагони “Жас Отан” -- созмони ҷавонони ҳизби президентӣ номаеро ба ин ҷо овард, ки дар он аз сардори раёсати умури дохилии шаҳри Тмиртауи Қазоқистон талаб мешавад, ҳамаи марказҳои қабули оҳанпораро тафтиш кунад ва онҳоеро, ки сарпӯши чоҳҳои шаҳрро қабул мекунанд, муҷозот шаванд. Садҳо нафар ба зери ин нома имзо гузоштанд.

Наздикони Егор ба Радиои Озодӣ гуфтанд: “Мо бар инем, ки дар марги Егор ҳокимияти шаҳр гунаҳкор аст. Онҳо чанд сол аст, наметавонанд, нуқтаҳои қабули оҳанпораро банданд. Оҳандуздон сарпӯши чоҳҳои шаҳрро ба ин ҷо месупоранд ва пул мерӯёнанд. Хадамоти шаҳрдорӣ низ гунаҳкор аст, ки чоҳу корезҳои шаҳрро тафтиш намекунад.”

ВОКУНИШИ ҶОМЕА

Марги Егор бисёр чизҳоро рӯшан кард. Ба ғайр аз бесарусомонӣ дар робита ба чоҳу корезҳои шаҳр, маълум гашт, техникае, ки дар чунин ҳолатҳо барои наҷоти одамон истифода шавад, вуҷуд надоштааст.

Мутахассисон ва ғаввосон барои ёфтани ҷисми кӯдаки дусола аз Уст-Каменегорск даъват шуданд. Танҳо таҷиҳзоти овардаи онҳо имкон дод, ки ҳавзи нопокиҳои ҷамъшудаи шаҳр таҳқиқ шавад. Ҷасади кӯдакро дар қаъри обанбори истгоҳи насосӣ ёфтанд.

Ҳазорон нафар ба назди чоҳе, ки ҷони кӯдаки хурдсолро гирифт, бозичаву лӯхтак, гул ва ширинӣ меоранд. Рӯзи якшанбеи 27-уми май дар ин ҷо акси писарбача низ гузошта шуд. Як рӯз пеш аз он ҷавонони шаҳр барои пуштибонӣ аз хонаводаи Хмилҳо маъракаи “Наворҳои зард”-ро баргузор карданд. Дар ин ҳамоиш даъватҳо истеъфои ҳокими Темиртау садо доданд. Гуфта мешавад, ин як тазоҳуроти бадеҳӣ буд.

Маъракаи "Навори зард"
Маъракаи "Навори зард"
Яке аз ташаббускорони он бо номи Елена ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аввал полис ва намояндаги ҳукумат кӯшиш карданд, моро аз сари чоҳ ронанд ва моро айбдор карданд, ки чаро барои баргузории тазоҳурот иҷозатнома нагирифтем. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки ин нидои дили инсонҳост барои ҳимоят аз оилаи Хмилҳост ва ҳар кӯдаки дигари шаҳр метавонист, имрӯз дар ҷои Егор бошад. Наход, барои гуфтани дарди дил мо бояд аз ҳокимон иҷоза гирем? Мо ба ҳарфу таҳдиди онҳо тан надодем.”

Ширкаткунандаи дигари ҳамоиши мардумӣ гуфт, аслан, бори аввал нест, ки кӯдакон ва калонсолон дар ин чоҳҳои бесарпӯш меафтанд. Танҳо марги кӯдак сабаб шуд, ки косаи сабри аҳолӣ лабрез гардад. Мансабдорон, баръакс аҳолиро айбдор карданд, ки падару модарон бояд ба фарзанди худ назорат кунанд.

ВОКУНИШИ ҲУКУМАТ

Мақомоти давлат, зоҳиран, тавре вонамуд мекунанд, ки ғофилгири масъала шудаанд. Аммо журналистон мегӯянд, чанде пеш аз фоҷиа дар нишасти хабарӣ аз раиси Темиртау, Нуркен Султонов суол шуда буд, ки чаро бештари чоҳҳои шаҳр сарпӯш надоранд. Вай гуфт, ин сарпӯшҳоро худи аҳолӣ медуздад ва шаҳрдорӣ аз табдили онҳо хаста шудааст. Вай инчунин гуфт, бигзор худи журналистон пешниҳод кунанд, ки чӣ гуна метавон мушкилро ҳал кард.

Шаҳрдорӣ дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна кӯмакеро ба хонаводаи Хмилҳо дар назар нагирифтааст, аммо ширкаткунандагони тазоҳурот ба қадри тавоноии худ пул ҷамъ карданд. Дар шабакаи ҷаҳонии интернет блоге ба ёдбуди Егор Хмил боз шуд.

Додситонии шаҳр танҳо рӯзи 28-уми май парванда боз кард ва ҳодисаро ҳалокате бар асари беэҳтиётӣ номид. Вале талош мешавад, ки хунукназарии масъулон ва айби онҳо дар иҷро накардани вазифаашон, ки сабаби марги инсон шудааст, ба ин парванда илова гардад. Муовини додситони Темиртау, Нурҷон Суригалиев ба Радиои Озодх гуфт, аз ҷумла амали онҳое низ тафтиш хоҳад шуд, ки масъули чоҳу корезҳои шаҳранд. “Аммо масъулият на танҳо бар дӯши ягон коргари одӣ, балки раҳбарони ҷамъияти саҳҳомии “Окжетпес” хоҳад афтод, ки чоҳу корез дар ихтиёрашон аст,” -- афзуд Суригалиев.

ДАЪВАТ БА ТАЗОҲУРОТ

Аҳолӣ бовар надорад, ки вокуниши мақомот ба ин воқеа дуруст ва зудрас хоҳад буд. Биноан, тасмим гирифта шудааст, 1-уми июн, дар Рӯзи ҷаҳонии кӯдак дар маркази шаҳр тазоҳурот ва раҳпаймоӣ баргузор шавад.

Ин даъват на танҳо дар Темиртау, балки Остона, пойтахти Қазоқистон, низ тарафдорони зиёд пайдо кард. Дар ин ҷо низ ҳадаф доранд, зери шиори “Кӯдаконро дар замони осоишта ҳифз кунем” гирдиҳамоие барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG