Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алии Лориҷонӣ раиси парлумони Эрон шуд


Лориҷонӣ(аз рост) ва Ҳаддод Одил
Лориҷонӣ(аз рост) ва Ҳаддод Одил
Алии Лориҷонӣ – аз мунтақидони муҳофизакори раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод раиси парлумон интихоб шуд. Лориҷонӣ назар ба рақибаш Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил раъйи бештари вакилонро ба даст овард. Онҳо ҳарду ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ наздиканд, вале Ҳаддод Одил нисбат ба давлати Аҳмадинажод мавзеъи мӯътадилтар дорад. Аксарияти курсиҳои Маҷлиси Эронро дар интихоботи ахир мухолифони муҳофизакори Аҳмадинажод соҳиб шуданд. Аммо созмони Human Rights Watch ба далели роҳ ёфтани танҳо номзадҳои тарафдори режим интихоботи Эронро “шадидан ноодилона” баҳо додааст.
XS
SM
MD
LG