Вузарои хориҷаи Бритониёву Русия Вилям Ҳейг ва Сергей Лавров тавофуқ кардаанд, ки фишор ба Сурия бо талаби хуруҷи тонку тӯпҳояш аз манотиқи аҳолинишинро афзоиш диҳанд. Ин тавофуқ дар музокироти Лавров ва Ҳейг дар Маскав дар пайи қатли 108 нафар, ағлаб занону кӯдакон, дар ҳамлаи рӯзи 25 май ба рустои Ҳулост. Фиристодаи хоси СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон дирӯз вориди Димишқ шуд ва қарор аст, имрӯз бо раҳбари Сурия Башор Асад мулоқот кунад. Анон аз Асад хост, ҳамчун аломати азми ҷиддиаш ба ҳалли сулҳомези буҳрон “иқдомоти ҷасурона” бигирад ва “ба таҳияи заминаи воқеъӣ барои раванди сиёсии қобили эътимод кумак кунад.”