Дар Миср мунтазири натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи расёсати ҷумҳурӣ мебошанд. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, тахмин зада мешавад, ки Муҳаммад Мурсӣ-номзади “Ихвон ул Муслимин” ва Аҳмад Шафиқ-нахуствазири ахири ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар интихобот мақоми аввал ва дуввумро ба даст оварда бошанд ва ба эҳтимоли зиёд 16-17 июн дар даври баъдии интихобот бо ҳам ба рақобат пардозанд. Мурсӣ ва Шафиқ як ҷо бо Ҳамдин Саббоҳӣ-номзади дигар аз ҳизби чапгарои ал Карама дар бораи риоят нашудани қонунҳои интихобот ба кумиссиюни интихоботӣ шикоят фиристодаанд. Дар ин интихобот 12 номзад барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекарданд.