Дирӯз дар Дорулбайзо – бузургтарин шаҳри Марокаш, ки дар Ғарб бо номи Касабланка маъруф аст, даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз ба нокомии давлат ба анҷоми ислоҳоти ваъдагиаш ба хиёбонҳо рехтанд. Ин тазоҳуротро иттифоқҳои касаба бо талаби беҳбуди маош ва шароити иҷтимоӣ даъват карданд. Малик Муҳаммади шашум соли гузашта ба хотири пешгирӣ аз такрори эътирозҳои «Баҳори Араб» ҳукумати худро маҳдудтар ва силсилаи ислоҳотро ваъда карда буд. Дар интихоботи моҳи ноябр ҳукумати эътилофӣ ба раҳбарии ҳизби мӯътадили исломии Адолат ва Тараққиёт ба қудрат расид. Ин ҳукумат дар Марокаш, ки аз бекорӣ ва бесаводии зиёд азият мекашад, ваъдаи мубориза барои адолати бештари иҷтимоиро додааст.