Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малӣ истиқлоли Азавадро қабул надорад


Раҳбарони чирикиҳои Азавад
Раҳбарони чирикиҳои Азавад
Давлати интиқолии Малӣ эълони истиқлоли давлати мустақили қабилаи таворуқ аз сӯи чирикиҳо дар шимоли ин кишвари африқоиро радд кард. Ҳамдун Туре, вазири иттилооти Малӣ гуфт, давлат «ақидаи таъсиси давлати Азавад ва он ҳам давлати исломиро қатъан радд мекунад.» Ду гурӯҳи чирикӣ, ки ду моҳ пеш шимоли Малиро тасарруф карданд, мегӯянд, ба ҳам омада, давлати мустақили исломӣ таъсис доданд. Ин тавофуқ байни ҳизби таворуқҳо ва гурӯҳи исломии Ансоруддин рӯзи шанбе дар Гао имзо шудааст. Ин ду гурӯҳ дар поёни моҳи март дар пайи кудато дар пойтахт, Бамако қаламрави баробари масоҳати Фаронса дар шимоли Малиро тасарруф карданд.
XS
SM
MD
LG