Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми куштор дар Маскав


Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Маскав бо иттиҳоми қатли як иҷрокунандаи ҳукмҳои додгоҳӣ дастгир шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, Анварҷон Абдиев зӯҳри якшанбе дар натиҷаи муноқиша дар кӯча ба сари пристав бо отвёртка кӯфтааст, ки дар натиҷа ин корманди шӯъбаи приставҳои ноҳияи Бабушкинои Маскав ҳалок шуд. Алайҳи Абдиев бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG