Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куфӣ Анон имрӯз ба Сурия хоҳад рафт


Имрӯз, 28 май, фиристодаи хоси СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон барои баррасии куштори Ҳуло ба Сурия хоҳад рафт. Имрӯз вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг ба Русия сафар мекунад. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев барои 2 рӯз ба Қазоқистон хоҳад рафт. Имрӯз дар тақвими Амрико Рӯзи ёдбуд ва дар тақвими Тоҷикистон Рӯзи нирӯҳои марзбонист. Дар Арманистону Озарбойҷон имрӯз аз солгарди 94-уми таъсиси ин ду ҷумҳурӣ дар соли 1918 таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG