Лорен овозхони 28-сола аз Шветсия дар озмуни мусиқии “Евровижн-2012” пирӯз шуд ва ҳамингуна ҳаққи баргузории ин озмун дар соли ояндаро ба кишвараш дод. Лорен, ки марокашиасл аст, назар ба рақибони наздикаш дар озмун аз Русия ва Сербия раъйи бештари ҳаводорони мусиқиро ба даст овард. Озмуни “Евровижн” субҳи 27 май дар шаҳри Боку ҷамъбаст шуд. Таронаи Лорен, ки “Нишот” унвон дорад, тайи шаш ҳафтаи гузашта дар садри ҷадвали таронаҳои беҳтарин қарор дорад. Дар озмун Бурановские Бабушки, гурӯҳи пиразанҳои овозхон аз Русия мақоми дуввумро касб карданд, овозхони Сербия низ бо таронаи зебое дар мақоми саввум ҷой гирифт. Сарояндагони Молдова, Македония, Украина, Босния ва Ҳерзеговина ва Албания аз беҳтаринҳои дигари озмуни Евровижн шуданд, ки дар Қасри бӯлурини Боку сурат гирифт.