Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи хеле тираи Сурия дар тасвири Бан Ки Мун


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гузориши наваш ба Шӯрои Амният дар бораи Сурияро нашр кард, ки вазъро дар он кишвар бо рангҳои хеле тира тасвир мекунад. Гузориш мегӯяд, бо вуҷуди оташбаси дар моҳи апрел бо миёнҷигиии фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Анон эълоншуда ва эъзоми 270 нозир ҳар рӯз дар Сурия “мизони ғайриқобилиқабули хушунат ва табъизҳо” дида мешавад. Бан Ки Мун гуфт,гуфт, “вазъи умумӣ дар Сурия шадидан ҷиддӣ боқӣ монда, танҳо дар баъзе масоил пешрафтҳои ночизе ба даст омадааст.” Ба ҳисоби СММ, шумори қурбониёни 14 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия ба 10 000 нафар наздик мешавад.
XS
SM
MD
LG